08:29 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Празднование Рамадана в Москве, архивное фото

Пас аз Озода Раҳмон: раиси Хатлон аз савобияти кумак дар моҳи Рамазон гуфт

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
65110

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон рӯзи 18 май дар суҳбат бо фаъолони ноҳияи Темурмалик аз савобияти садақа дар моҳи Рамазон ёдрас шуд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҳакимзода Қурбон раиси вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Тибқи барномаи сафари корӣ чорабинии рӯзи қабули шаҳрвандон ва мулоқот бо фаъолони ноҳия дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳия ҷараён гирифт.

Ҳакимзода Қурбон ҷаласаро оғоз бахшида, сараввал аз супоришу таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон, оид ба корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар шаҳру ноҳияи кишвар, ки имрӯз бо маромҷараён дорад, ёдовар шуд.

«Дар бораи ғамхорӣ кардан ба он нафароне, ки солхӯрдаю нотавонанд, камбизоту маъюбанд кумак намудан дар ин моҳи шарифи Рамазон савобияти зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ин корро пешаи худ намоем",-гуфт раиси вилояти Хатлон.

Ёдовар мешавем, ки Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки роҳбарон дар кишвар садақаи фитрро ба афроди ниёзманд, хона – интернатҳо ва дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта мақомот хоста буданд, ки  садақаи фитр ба раисони маҳаллаҳо ва имомони масоҷид дода шавад, то онҳо ин маблағро ба ниёзмандон расонанд.

Шӯрои уламои Тоҷикистон соли равон садақаи фитрро мувофиқи меъёри шаръӣба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ муайян кардааст, ки дуюмӣ ба шахсони тавони молияшон бештар рабт дорад.

“Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад”, - таъкид шудааст дар иттилоияи имсолаи Шӯрои уламо.

Садақаи фитр одатан пеш аз Иди Фитр дода мешавад. Моҳи Рамазон 30 рӯз, то 4 июн давом хоҳад дошт ва 5-уми июн дар Тоҷикистон Иди Фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ