Садамаҳои маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Панҷакент

Обуна шудан
Бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар якчанд нафар бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона интиқол шуда се нафар ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон иттилоъ додааст.

ДТП на автотрассе Душанбе-Худжанд-Чаннок  - Sputnik Тоҷикистон
Пурқурбонитарин садама дар Суғд: ВУД Раҳимовро гунаҳкор медонад - видео

Манбаъ афзудааст, ки рӯзи 19-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмадов Кароматулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Шарафи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Чорсӯ ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Чанху”, таҳти идораи Тауралиев Улуғбек Раҳматҷонович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Душанбе, бармехӯрад. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху” Тауралиев У.Р. ва мусофиронаш: Алиева Шарбону, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, Усмонова Мавҷуда, соли таваллудаш 1996, сокини н.Рӯдакӣ, Абдуразоқова Гулчеҳра, соли таваллудаш 1982, сокини н.Рӯдакӣ, Алиева Ҷумагул, соли таваллудаш 2012, сокини ш.Душанбе, Муминова Шаҳриниссо, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Россия ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Маҳмадов К.Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Стела перед въездом в Чернобыль - Sputnik Тоҷикистон
Суғд аз қурбониёни бартарафкунии садама дар Неругоҳи барқи атомии Чернобил ёд хоҳанд кард

Мусофири автомашинаи тамғаи “Чанху” Табарова Майрам Аламовна, соли таваллудаш 1968, сокини ш.Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Рӯзи 19-уми майи соли 2019, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Шеврале-Нива", Салихов Фозилҷон Субҳонович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Айнӣ-Панҷакент" дар ҳудуди деҳаи Марғедари ш.Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Ризоева Гулмира Рӯзиулоевна, соли таваллудаш 2012, хонандаи синфи 1-уми МТМУ, сокини деҳаи Марғедарро пахш намудааст. 

Крупная авария в Нур-султане - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи бузург дар Нурсултон: 30 кас маҷрӯҳ шуданд - навори мудҳиши садама

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Ризоева Г.Р. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Рӯзи 19-уми майи соли 2019, тахминаи соати 17:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Холов Ҳомидҷон Қобилҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Айнӣ-Панҷакент" дар ҳудуди деҳаи Марғедари ш.Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Худойбердиев Акбарҷон Назирҷонович, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 6-уми МТМУ, сокини деҳаи Марғедарро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Худойбердиев А.Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0