Пиронсолон дар баландошёнаҳои белифти Душанбе дармондаанд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВид на улицу из окна, архивное фото
Вид на улицу из окна, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони бархе аз биноҳои баландошёна, ки лифташон кор намекунад, изҳор медоранд, ки пиронсолҳо дар табақаҳои боло дармондаанд ва наметавонанд ба сайругашт бароянд

ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Гуруҳе аз сокинони кӯчаи Неъмат Қарабоев, гузаргоҳи 3, бинои 7  мегӯянд, даҳ сол боз дар ин бинои даҳошёна иқомат доранд, аммо ба шумор аз лифт истифода кардаанду халос.  Ба гуфтаи онҳо, бархе пирону барҷомондагони ошёнаҳои болои ин бино бо сабаби хароб будани лифт солҳо аз хона берун намешаванд.

Рустам Эмомали на заседании - Sputnik Тоҷикистон
Пул даст ба даст, мардум саргардон: шаҳрдорӣ хостори тағйирот дар хонахарию хонасозиҳо шуд

Дилбар Шаҳидӣ, ки дар ошёни 10-уми бинои мазкур зиндагӣ мекунад, тариқи радиои “Тоҷикистон” изҳор дошт, ки ба далели кор накардани лифт наметавонад, модарашро ба берун барад.  Ӯ гуфт, лифт дар бинояшон аз тарафи ҶДММ “Мовароуннаҳр” васл гардида буд ва баъди муроҷиати сокинон масъулини шаҳрдорӣ санҷиш гузаронда, муайян намудаанд, ки  лифт бо камбудиҳои зиёд васл шудааст.

Ӯ афзуд, комиссия муайян намуд, ки барои таъмири лифт 4 ҳазор сомонӣ лозим аст ва истиқоматкунандагони бино низ ин маблағро ҷаъмоварӣ намуданд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Лифттаъмир”-и ноҳияи Фирдавсӣ як корманди кирояро барои таъмир фиристодаааст, ки ин шахс лифти ин биноро қаблан ҳам тариқи кироя борҳо таъмир кардааст, вале лифт муддати кутоҳе фаъол будаасту сипас аз кор мондааст. Сокини дигари ин бино гила кард, ки падари беморашро аз деҳа барои табобат овардааст, аммо фаромадану баромадан ба ошёнаи 8-ум мушкилзо шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мушкили лифт дар бисёре аз биноҳои баландошёнаи пойтахт ҷой дошта, сокинон аз шаҳрдорӣ дархост кардаанд, ки барои ҳалли ин мушкил чораандешӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0