01:45 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Рабочая встреча высших должностных лиц ШОС, СНГ, ЕЭС и ОДКБ

Чаро мақомотҳои амниятии кишварҳои ИДМ ба Душанбе меоянд?

© Sputnik / Виталий Белоусов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0

Роҳбарони мақомотҳои амниятии кишварҳои ИДМ тасмим доранд роҳҳои муборизаи муштарак бар зидди паҳншавии ғояҳои салафияро пайдо намоянд

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Рӯзи Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 46-умин Шӯрои роҳбарони мақомотҳои амниятӣ ва хадамотҳои махсуси кишварҳои ИДМ баргузор мегардад,иттилоъ додааст дафтари матбуоти ФСБ-и Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, дар шӯрои мазкур масъалаи беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм ва ҷаниоткориҳои муташаккилона муҳокима хоҳад шуд.

“Роҳбарони Шӯро чораҳои иловагӣ барои беҳтар намудани ҷустуҷӯи байналмилалии шахсоне, ки ҷиноятҳои характери террористӣ ё экстремистӣ содир кардаанд, инчунин беҳтар намудани ҳамкориҳои муқомотҳои махсус ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирии интиқоли ҷангҷӯён –террористон ба кишварҳои ҳамсуд, ҳамоҳанг хоҳанд кард”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Инчунин зимни ҷаласа роҳбарони мақомотҳои амниятии кишварҳои ИДМ тасмим доранд роҳҳои муборизаи муштарак бар зидди паҳншавии ғояҳои салафияро пайдо намоянд. Аз ҷумла мақомотҳои амниятии ИДМ роҳҳои аз байн бурдани сарчашмаҳои таблиғоти салафия дар интернет муҳокима хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони мақомоти маркази зиддитеррористии ИДМ вобаста ба натиҷаҳои иҷрои барномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2017-2019, ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ин марказ дар соли 2018 гузориш хоҳад дод.    

Барчаспҳо:
ҷаласа, Шурои амният, амният, мақомот, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ