01:54 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Запрещенный доступ

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ҳама сомонаҳои калони ҷустуҷӯӣ масдуд шуд

CC BY 2.0 / Yuri Samoilov / System Lock
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
416 0 0

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то ҳол сабаби сабаби масдуд намудани сомонаҳои асосии ҷустуҷӯиро шарҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Аз рӯзи душанбе инҷониб дастрасӣ ба ҳамаи сомонаҳои калони ҷустуҷӯи масдуд шудааст, 9 ширкати иттилоотии Тоҷикистон инро ба РИА Новости тасдиқ кардаанд.

“Қарор дар бораи масдуди кардани сомонаҳои ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди кишвар аз ҷониби ҳукумат қабул шудааст”, - ба РИА Новости гуфтаанд дар ширкатҳои Tcell, "Билайн" ва "Мегафон".

Дар дафтари матбуотии президент ба РИА Новости гуфтаанд, ки аз ҷониби ҳукумат чунин қарор қабул нашудааст. Хадамоти алоқа бошад аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш аз бастани сомонаҳои ҷустуҷӯӣ дар зиндони маъмул ба “кирпичний”  ошуб ба амал омада буд. Дар пайи ин ошуб 31 нафар ба ҳалокат расида буд.

Ба маълумоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ташкилкунандагони ин ошуб аъзоёни гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ будаанд.

Барчаспҳо:
Ҳукумат, масдудият, сомона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ