17:45 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Рабочая встреча высших должностных лиц ШОС, СНГ, ЕЭС и ОДКБ

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ давлатҳои ИДМ баргузор гардид

© Sputnik / Виталий Белоусов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Аъзои Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар самти андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати устувор намудани ҷустуҷўи байналамимлалии ҷинояткорон гуфтушунид анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии "Ховар".

Дар ин ҷаласа  қабл аз ҳама  ба ҳамкории хадамотҳои махсус дар самти мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Аъзои Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар самти андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати устувор намудани ҷустуҷўи байналамимлалии ҷинояткороне, ки дар амалҳои  террористиву экстремистӣ даст доранд, ҳамчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои хадамотҳои махсус  ҷиҳати роҳандозии   амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва чорабиниҳо барои пешгирӣ аз интиқоли ҷангиён-террористон дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мувофиқа расиданд.

Ғайр аз ин масъалаи дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муқобилият ва пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи ифротгароӣ, аз ҷумла аз байн бурдани сарчашмаҳои паҳнкунандаи чунин  мафкура дар шабакаи интернет мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Иштирокдорони ҷаласа  вобаста ба мавзўи мавриди назар андешаронӣ карда, нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризм, экстремизим ва ҷиноятҳои муташаккил устувор арзёбӣ намуданд. Барои баргузории ин чорабинӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мукаммал фароҳам буд ва ин омил боис гашт, ки масъалаҳои рўзномаи ҷаласа пурра ҳаллу фасл гарданд.

Дар ҳамин замина ҳисоботи роҳбари  Маркази зиддитеррористии иттиҳод  оид ба натиҷаҳои татбиқи  барномаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба ба мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2017-2019, ҳамчунин натиҷаи фаъолияти марказ дар соли 2018 ироа гардид.

 

Барчаспҳо:
баррасӣ, гуфтушунид, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ