13:27 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мясо, архивное фото

Гӯштфурӯшони ҳаромфурӯш дар Рамазон: 3 қассоб 27 гови мурдаро ба бозор интиқол медоданд

© Sputnik / Евгения Новоженина
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3981 0 0

Бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, гӯштфурӯшон хостанд 27 сар чорвои ҳароммурдаро ба бозори Панҷшанбе ворид кунанд

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як амалиёти фаврӣ 4 сокини вилояти Суғдро дасгир кардаанд, ки мақсад доштанд, барои ба даст овардани даромади муфт ба харидорони бозори Панҷшанбе гӯшти заҳролудшудаи 27 сар чорвои ҳароммурдаро ба фурӯш гузоранд.

Се гӯштфурӯши бозори Панҷшанбе Икром Ҳошимов, сокини шаҳри Хуҷанд,  Нурилло Норматов ва Муҳаммадҷон Орипов, сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳ бо Эргаш Аҳадов, сокини ҷамоати деҳоти Меҳронаи ноҳия Ашт дар ҳоле дасгир шудаанд, ки онҳо мехостанд, 27 сар чорвои ҳароммурдаро аз ноҳияи Ашт ба бозори Панҷшанбеи Хуҷанд интиқол диҳанд.

 Ин ҳодиса дар рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ сурат гирифта, онҳоро барои ин амали беинсофонаашон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дасгир кардаанд. 

Гови ҳароммурда мехарӣ ё 500-100 сомонӣ нархи як гови мурда

Дар гузорише, ки телевизиони вилояти Суғд шоми дирӯз 20-уми май пахш кардаст, гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса Эргашбой Аҳадов, сокини 62-солаи ноҳияи Ашт барои харидор пайдо кардани 27 сар чорвои ҳароммурда нақши миёнравиро иҷро кардааст. Ӯ ба Икром Ҳошимов гӯштфурӯши бозори Панҷшанбеи Хуҷанд тамос гирифта, 27 сар чорвои ҳароммурдаро бо нархи аз 500 то 1000 сомонӣ пешниҳод кардааст.

"13-уми майи соли 2019 бо мақсади фурӯхтани гӯшти 27 сар чорвои калони шохдори аз таъсири доруи Каролин ҳарроммурда, ба шаҳрвандон Икром Ҳошимов, Нурилло Норматов ва Муҳаммадҷон Орипов, ки ба хариду фурӯши гӯшт дар бозори Панҷшанбе машғул мебошанд, занг зада, харидани гушти чорвои ҳароммурда, ҳар якеро бо нархи аз 500 то 1000 сомонӣ пешниҳод намудам. Соати 14:00 ин се нафар гӯштфурӯшон ба ноҳияи Ашт омада, 27 сар чорвои ҳаромшударо хариданд. Мо ҳамроҳ сӯи Хуҷанд ҳаракат мекардем, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дасгир гардидем", - иқрор шудааст,  Эргашбой Аҳадов.

Зимни таҳқиқи ҳодиса маълум шудааст, ки ин афрод азм доштанд, ин 27 сар чорвои ҳароммурдаро, ки заҳролуд шудаанд, дар растаҳои гӯштфурӯшии Панҷшанбебозор ба харидорон пешниҳод кунанд. 

Қосим Ҳайдаров муовини сардори маркази ташхиси бехатарӣ аз озуқаворӣ дар вилояти Суғд мегуяд, агар ин гӯштҳо ба бозор ба фурӯш мерафтанд, хавфи сироятёбии харидорон аз он вуҷуд дошта метавонист.

"Истеъмоли гӯшти заҳролудгашта, назар ба дигар намуди маҳсулот,  хавфи сироятёбиро бештар ба вуҷуд меорад", - гуфтааст, Ҳайдаров. 

Боздошти 27 сар чорвои ҳароммурдаву заҳролудгаша, ки ин афрод мехостанд, дар моҳи Рамазон дар Панҷшанбебозор ба харидорон пешниҳод кунанд, бисёриҳоро дар ҳайрат гузошт. 

"Моли ҳаром, пули ҳаром"

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд гуфтааст, ба хотири пул шуда, дидаву дониста ба фурӯш гузоштани гӯшти моли ҳароммурда, нишонаи ҳаромхурӣ баъзеҳо аст.

"Вақте 27 сар чорвои ҳаромурдаро бо чашми худ дидам, баданам ба ларза омад. Наход, ки инсон, наход, ки мусулмон дар моҳи мубораки Рамазон чунин кори ҳаромро кунад?  Барои як пул шуда, барои ризқу рӯзии ҳаром шуда, ҳаромро ба мардум хӯронад? Мардум вақте ки онро надониста мехурад, худи одамоне, ки ба ҳамин кор сабаб шуданд, пули онҳо ҳаром аст, моли онҳо ҳаром аст. Ба фарзандонашон, ба аҳли оилаашон чизи ҳаром мехуронанд", - таъкид кардааст раиси шӯро.

Масъулони умури беҳдоштӣ мегуянд, дар вақти ташхис маълум намудаанд, ки шуморе аз 27 сар чорвои ба бозори Хуҷанд  заҳролуд шуда, забҳи ҳолати санитарии онҳо аслан ба талабот ҷавобгӯ набудааст. Онҳо тавсия додаанд, ки гӯшти ин 27 чорво сӯзонида шуда ва дар қабати замин гӯронида шавад.

Зимнан нисбати Икром Ҳошимов, Нурилло Норматов ва Муҳаммадҷон Орипов, гӯштфурӯшони бозори Панҷшанбеи Хуҷанд ва Эргашбой Аҳадов сокини ноҳия Ашт тибқи моддаи 209-и (Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Бозорравии Муҳаммадзодаву Аҳмадзода

Ин дар ҳолест, ки ахиран рӯзи 2 - уми май Маруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд аснои як сафари корияш ба бозори Панҷшанбе рафта, поён бурдани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазонро аз фурӯшандаҳо тақозо карда буд.

Маруф Муҳаммадзода, дар ҷараёни ин сафараш дар Панҷшанбебозор аз растаҳои гӯштфурӯшии тобеъи идораи “Тоҷикматлубот” дидан карда, то 2 сомонӣ арзон ардани нархи гуштро дастуро ба масъулин  дода буд.

Идораи “Тоҷикматлубот” дар чанд дӯкони гӯшфурӯшии худ дар  ҳудуди бозори Панҷшанбе ба фарқ аз дигар растаҳо, фурӯши гӯштро бо нархи 37 сомонӣ ба роҳ монд. Он замон масъулин ин корро як навъ рақобатсозӣ ба хотири танзим шудани нархи гӯшт дар бозор дар арафаи моҳи Рамазон арзёбӣ мекарданд.  

Аммо дар растаҳои гуштфурӯшии “Тоҷикматлубот” гӯште, ки бо нархи 37 сомонӣ фурӯхта мешавад, камсифат буда, дар рақобат бо дигар растаҳои гӯштфурӯшӣ баробар шуда наметавонад.

Баъд аз ташрифи Муҳаммадзода, рӯзи 4-уми май ва ду рӯз қабл аз оғози моҳи Рамазон, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ҳам ба Панҷшанбеи Хуҷанд  рафт ва аз растаҳои бозор дидан кард.

Раиси вилояти Суғд, зимни шиносоӣ аз нарху навои бозор, ба масъулин, аз ҷумла ба роҳбарияти Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят дастур дод, ки бо хоҷагиҳои молпарварӣ ва чорводорон ҳамкориро тақвият бахшида, дӯконҳои фурӯши гӯштро бештар намоянд.

Таъкид карда шуд, ки бояд тоҷирону фурӯшандагон низ дар доираи имкониятҳо маҳсулотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон гардонанд.

Дастури Аҳмадзода барои ба эътидол овардани нархи гӯшт ин буда, ки бояд қассобон гӯштро аз устухон ҷудо нафурӯшанд, балки бо устухон ва барои ҳама як хел ба фурӯш гузоранд.

Ҳоло наздик ба як моҳ аст, ки дар бозорҳои Тоҷикистон нархи гӯшт гарон шудааст. Феълан як кило гӯшт 50- 55 сомонӣ қиммат дошта, назар ба чанд ҳафтаи пештар ба 15-20 сомонӣ гаронтар аст.

Мавзӯъҳои асосӣ