02:50 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Жители Душанбе у палатки с мороженым

Обуҳавошиносон: гармии ҳаво дар пойтахт то 32 дараҷа мерасад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар   шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст.    Рӯзона  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва  рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва  рӯзона 19-24 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 1-6  дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд    тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 17-22  ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 4-9  ва  рӯзона  15-20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15  ва   рӯзона 25-30  дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
пойтахт, гармӣ, обу ҳаво, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ