Дар Тоҷикистон теъдоди талоқ нисбат ба издивоҷ зиёд шудааст

© pixabayСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми 5 моҳи соли равон теъдоди издивоҷ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, аммо теъдоди талоқҳо ру ба афзоиш ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Теъдоди ақди никоҳҳои сабтшуда дар ин давра 21 ҳазору ҳафтсад маврид эълом шудааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 дарсад камтар аст, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аввал пул, баъд талоқ: дар Суғд корманди додгоҳ дастгир шуд

Тибқи иттилои манбаъ, раванди коҳиши издивоҷ  дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Ожонси омори Тоҷикистон дар моҳи январ-майи соли 2019 беш аз 3 ҳазору 100 маврид талоқи ҳамсарон ба сабт расидааст, ки рушди 3,8 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро нишон медиҳад.

Раванди ру ба афзоиши талоқ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ғайр аз вилояти Суғд ва ноҳияҳои марказии ин кишвар қобили мушоҳидааст.

Лентаи хабарҳо
0