Борону жола ва раъду барқ: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

CC BY-SA 2.0 / Mark Ordonez / IMG_1028Дети играют под дождем, архивное фото
Дети играют под дождем, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, борон меборад. Ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани Жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва рўзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Улицы Душанбе напоминают северные города России: снег и метель - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон, раъду барқ ва жола: ҳаво имрӯз дар Тоҷикистон номусоид мешавад

Дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои бе бориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа унук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона дар доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0