01:37 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Финики, архивное фото

Маркази имдоди шоҳи Салмон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо тақдим кард

CC BY 2.0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
613 0 0

Намояндагони маркази имдоди шоҳи Салмони Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар як маросими ботантана ба мақомоти кишвар 50 тонна хурмо супориданд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik.  Маркази имдод ва умури башардӯстонаи шоҳи Арабистони Саудӣ хурмоҳоро ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ироа кардааст.

Маросими супоридани хурмоҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сафорати Арабистони Саудӣ баргузор шуд.  Дар маросими супоридани хурмоҳо Абдулазиз ибн Муҳаммад ал-Бодӣ, намояндагони  Маркази имдоди Арабистони Саудӣ ва масъулини Ожонси давлатии захираҳои молии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ таъкид намудааст, ки тақдими 50 тонна хурмо, ин  як барномаи солонаи Маркази имдод ва кумакҳои башардустонаи Шоҳ Салмон аст.

Имсол маркази мазкур 6500 тонна хурморо ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла 4000 тоннаи он тавассути Барномаи ҷаҳонии ғизо ба 14 кишвар ва 2500 тонна ба 29 давлати дигар бевосита тавзеъ шудааст, ки аз он 50 тоннааш барои хонаводаҳои ниёзманди Тоҷикистон эъто шудааст.

Инчунин, пештар Маркази имдоди шоҳи Салмон пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон 10 ҳазор сабади истеъмолӣ иборат аз орду равғану дигар маводди озуқа ба ниёзмандони Тоҷикистон пешкаш намудааст, ки тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим гардидааст.

Барчаспҳо:
тақдим, Арабистони Саудӣ, 50 тонна хурмо, хурмо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ