08:03 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Хатар ба ҷомеа доранд: Раҳмон дархости авфи 99 зиндониро рад кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2007 0 0

Дархости ин маҳбусон пас аз баррасӣ дар иртибот бо хусусият ва дараҷаи хатари умумии ҷиноятҳои содиркардаи онҳо рад карда шуданд

ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аризаи дархости авфи 99 зиндониро, ки ба мӯҳлатҳои гуногун ҳабс шудаанд, рад кардааст. Дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои вазорат, дархости ин маҳбусон пас аз баррасӣ дар иртибот бо хусусият ва дараҷаи хатари ҷамъиятии ҷиноятҳои содиркардаи онҳо рад карда шуданд.

Дар баррасии дархост шахсияти маҳбусон, ҳаҷми хисороти расонаидаи онҳо, рафтори онҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва пешниҳоди комисияи вижаи назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили авф ба назар гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи июни соли 2017 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи як фармонаш кимосияи вижаи авфи назди раисҷумҳури Тоҷикистонро ташкил карда буд. Тариқи ин комисия, ҳар як маҳбус метавонад аз раисҷумҳур дар як сол як бор дархости авф кунад.

Ин дар ҳолест, ки шоми 19 май дар дар зиндони "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад. Дар пайи он 2 нафар, аз ҷумла 3 зиндонбон кушта шуданд. Мақомот бо нашри як иттилоия ҷузъиёт, саркардаҳо ва қурбониҳои ин ошӯбро ном бурданд.

Ин дуюмин ошӯб тайи ним сол ва нахустин ошӯби хунин дар аҳди роҳбари нави зиндонҳо, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Умаров Мансурҷон Ғаффорович мебошад.

Ошӯби қаблӣ дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд  8 ноябри соли 2018 рух дод. Ду ҳафта  баъд аз ин ошӯб Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон  Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба нафақа фиристода, ба ҷои ӯ генерал Мансурҷон Умаров, собиқ ноиби раиси КДАМ Тоҷикистонро таъин кард.

Дар пайи ошӯби қаблӣ нақзи қонунгузорӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ошкор карда шуда, роҳбарияти кишвар барои таъмини тартиботу қонуният дар ин бахш дастур дода буд.

Мавзӯъҳои асосӣ