Рӯзаи серун: ҳавои Тоҷикистон боронӣ шуда жолаю барф меборад

© Sputnik / StringerЛивень в Душанбе парализовал движение по улице Ахмада Дониша
Ливень в Душанбе парализовал движение по улице Ахмада Дониша - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ба амал омадани раъду барқ, боридани жола ва барф низ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ба иттилои ҳавошиосон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Дар  шарқи вилоят  боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 16-21 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 3 дараҷа  унук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 9-14  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 4-9  ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шабона барф, рӯзона борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  вазида, дар баъзе ноҳияҳо  чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15  ва   рӯзона 16-21  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошидат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва  рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14 ва рӯзона 18-20  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0