Эъломи шаҳрдорӣ дар бораи бебарқ мондани 16 маҳаллаву кӯчаи Душанбе

CC0 / Pixabay/TeroVesalainen / Лампочка
Лампочка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки дар се ноҳияи пойтахт имрӯз 7 соат интиқоли барқ қатъ мешавад. Далели он, гузаронидани корҳои таъмирӣ арзёбӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки имрӯз, 24 май чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт бебарқ мемонанд.

Бино бар иттилои манбаъ, интиқоли барқ бо сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ дар се ноҳияи Душанбе - Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино  муваққатан қатъ карда мешавад.

"Дар ноҳияи Шоҳмансур  кӯчаҳои С.Айнӣ, шаҳракҳои 192-193, маҳаллаи Қаротегин, А.Шукуҳӣ, маҳаллаҳои Ховарон, Хайробод, дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаҳои Қаҳҳоров, Мунзин, Вахш, Фучик, Дмитров, Есенина, маҳаллаи Аллачабоғ ва Синои пойтахт кӯчаҳои Тунис, А.Ғуломов, маҳаллаҳои  Қазоқон, Испечак, қувваи барқ хомӯш мегардад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Интизор меравад, ки дар бархе аз ин кӯчаву маҳал барқ пеш аз мӯҳлати нишондодашуда интиқол ёбад.

Лентаи хабарҳо
0