09:39 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Подростки

Кӯдакон гуноҳ мекунанду волидайн ҷазо мегиранд: додгоҳи Хуҷанд 46 волидайнро ҷарима кард

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
200 0 0

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки дар семоҳаи соли равон 46 падару модарро барои вайрон кардани Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷарима намудааст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik.  Бино бар иттилои додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар давраи ҳисоботи 132 парвандаро бо модаи 90 (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парастори ва таълиму тарбияи ноболиғон) баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра дар маҷмӯъ 124 волдидайн ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

“Ба 78 падару модар огаҳи дода шудааст. 46 волидайни дигар ба маблағи 5200 сомонӣ ҷарима шудаанд”, - таъкид анмудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун  2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Барчаспҳо:
волидайн, ҷарима, додгоҳ, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ