08:09 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото

Кумитаи андоз бо намояндагони ширкатҳои Чин мушкилоти андозбандиро баррасӣ намуд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
440 0 0

Дар кумитаи Андози Тоҷикистон мушкилоти андозбандӣ дар фаъолияти субъектҳое, ки бо сармояи Чин таъсис ёфтаанд баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Имрӯз дар  Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавзӯи “Низоми андозбандии Тоҷикистон, мушкилоти ҷойдошта вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ дар фаъолияти субъектҳое, ки бо сармояи Чин  таъсис ёфтаанд” машварати омӯзишӣ  баргузор гардид, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар истинод ба Кумитаи андоз.

Бино бар иттилои манбаъ, машварати мазкур намояндагони Сафорати Чин дар Тоҷикистон, роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои Чин ва намояндагони як зумра  вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Тавре манбаъ таъкид намудааст, намояндагони Кумитаи андоз вобаста ба масъалаҳои  дуруст ба роҳ мондани пешбурди ҳисоботи андозӣ, муҳосибӣ, риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз, забони давлатӣ, баррасии мушкилии  ҷойдошта марбут ба масъалаҳои андозбандӣ, маъмурикунонии андозҳо ва сиёсати андоз дар фаъолияти корхонаву ташкилотҳое, ки бо сармояи шаҳрвандони Чин  таъсис дода шудаанд, гузоришҳо пешниҳод намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки таваҷҷуҳи иштирокдорони машварат ба низоми андозбандии Тоҷикистон, дуруст ба роҳ мондани пешбурди ҳисоботи андозӣ ва муҳосибӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва проблемаҳои ҷойдошта вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ ҷалб карда шуд.

Намояндагони ширкатҳои Чин  доир ба масъалаҳои баррасишаванда  пешниҳодҳои муфид  намуда, аз намояндагони Кумитаи андоз посухҳои қаноатманд гирифтанд.

Инчунин дар машварати омӯзишӣ  Кумитаи андоз барои намояндагони ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон хизматрасониҳои нави электронии мақомоти андозро намоиш доданд.

Барчаспҳо:
машварат, мушкилот, андозбандӣ, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ