Кай баҳор мешавад?: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон борони шиддатноку жола меборад

© Sputnik / Игорь Подгорный / Гузариш ба медиабонкСильный град, архивное фото
Сильный град, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Аз 25  то 26  май дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои алоҳидаи   тобеи марказ шабона боронҳои шиддатнок борида, эҳтимоли боридани жола низ дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  шарқи вилоят  ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 16-21 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 4 дараҷа  унук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 8-13  дараҷа  гарм мешавад.

Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон аз эҳтимоли сел ва боридани борони шадид дар Тоҷикистон ҳушдор доданд

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида дар нимаи дуюми рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат, жола ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11  ва   рӯзона 20-25  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошидат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14 ва рӯзона 23-25  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0