02:52 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Косим Хайдаров, зам главы национального санитарно-эпидемиологической службы Согда

Ташхиси беш аз 3 тон гӯшти ҳарому ифлоси 3 қасоби бозори Панҷшанбе

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
553 0 0

Мақомоти идораи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд мегуянд, ташхиси онҳо маълум намудааст, ки забҳи 27 сар гов дар ҳолати ҳаром ва заҳролудшавӣ сурат гирифта, гӯшти олуда ба хоку ифлосиҳо ба бозор интиқол дода мешуд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik.  Қосим Ҳайдаров, муовини сардори маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд мегуяд, дар вақти ташхис маълум  шудааст, ки ҳудуди 3 тон гӯшт аз ҳисоби 27 сар чорвои аз таъсири дорӯи  (каролин) ҳароммурда ва заҳролудшуда, ки ба бозор интиқол дода мешуд, ба ягон меъёри талаботи санитарӣ ҷавобгу набуда, ба чирку ифлосӣ ғилмида шуда буд.

Ӯ гуфт, ки ҳолати гӯшти ин теъдод чорво ба дараҷае бад буд, ки ҳатто гирифтани намуна, барои гузаронидани ташхис мушкил буд.

“Дар амбори нигоҳдорӣ маълум буд, ки ҳамагӣ 10-15 сар, аз 27 чорво пуст канда шудааст. Дигараш ҳатто сар набуридаю пуст ноканда буд. Баъзеашро маълум кардан душвор буд. Сар ҷудою по аз тана ҷудо, бо хасу хошок ва чирку чанг олуда шуда”,- мегуяд, Қосим Ҳайдаров

Муовини сардори маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки онҳо гӯшту пуст ва узвҳои дохилии 21 сар аз 27 чорворо дар се бахш: зардобшиносӣ (серологи), барои маълум кардани бемории сухтании чорво, бактериологӣ маълум кардани  касалиҳои хавфноки чорво ва инсон ва кимиёвӣ заҳринагӣ барои маълум сохтани ҳолати ҳалолӣ ва ҳаромии забҳи чорво, ташхис гузаронидаанд.

Бахше аз таҳқиқи озмоишии онҳо мавҷудияти бактерияҳои чубчашакл дар таркиби маҳсулоти гӯштиро дарёфт намудааст, ки дар ҳолати истеъмол, аз он заҳр ҳосил шуда ва эҳтимоли сироятшавии истеъмолкунандаро дар пай дошта метавонист.

Контроль качества мяса. Архивное фото
© Sputnik / Александр Кряжев

Қосим Ҳайдаров гуфт, ташхиси бахши кимиёвӣ заҳринагӣ барояшон маълум намудааст, ки забҳи 27 сар чорво дар ҳолати ҳаром ва заҳролудшавӣ сурат гирифтааст ва гӯшти он, барои истеъмол қатъиян манъ аст.   

“Мо ташхис гузаронидем. Маълум гардид, ки 12 сар чорво қариб, ки ҳамаш ҳаром кушта шудааст. Боқимонда аз 27 сар ҳалол кушта шудаасту лекин ҳолати санитарию гигенӣ забҳ нигоҳдошти гӯшти чорво риоя нашудааст ва барои саломатӣ хатарнок мебошад. Бинобар ин мо хулоса додем, ки ҳамаи гӯшти 27 сар чорво барои нобудсозӣ равона карда шавад”, -таъкид дошт Қосим Ҳайдаров. 

Муовини сардори маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд гуфт, ки дар таҷрибаи 34 солаи худ барои аввалин дар чунин як ҳолати душвори таҳқиқи озмоиши маҳсулот дучор мешавад. Ӯ гуфт, ки баъзеҳо барои чанд сомонӣ пул шуда ба корҳое даст мезананд, ки саломатии одамон аслан аҳамият надорад.

Ахиран 27 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи Ашт аз таъсири дорӯи каролин (деазинон - 60 ЕК) фавтид, аммо 3 қассоби бозори Панҷшанбе  ва як сокини ноҳияи Ашт бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, ният доштанд ҳудуди се тон гӯшт аз ҳисоби чорвои ҳаромшуда ва ғайриқобили санитариро тавассути се мошин ба Панҷшанбебозор интиқол диҳанд.

Бино ба гуфти Ислом Раҳимов, мудири бахши назорати байторӣ ва зотпарварии Раёсати Кумитаи бехатарӣ ва озуқаворӣ дар вилояти Суғд, ин 27 сар чорво ба ду сокини ҷамоати деҳоти Меҳрона и ноҳияи Ашт Орипов Ҷ. ва Усмонов Ғ. тааллуқ дошта ва замоне ҳаром ва заҳролуд шудаанд, ки соҳибонашон барои нестшавии канаи мол онҳоро бо дорӯи каролин шустушӯ мекарданд.

“Гармшавии ҳарорати ҳаво он рӯз боиси ҷонканӣ ва аз ҳалокат рафтани 27 сар чорвои бо дору шустушӯ карда мегардад. Аслан ин корҳоро бояд дар ҳавои салқин анҷом медоданд. Ва ё ин, ки аз маслиҳати мутахассисони соҳаи байторӣ истифода мекарданд”, мегуяд  Ислом Раҳимов. 

Се қассоби бозори Панҷшанбе Икром Ҳошимов, сокини шаҳри Хуҷанд,  Нурилло Норматов ва Муҳаммадҷон Орипов, сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути Эргаш Аҳадов, сокини ҷамоати деҳоти Меҳронаи ноҳия Ашт,  27 сар чорвои ҳароммурдаро бо маблағи 500-1000 сомонӣ, аз сокинони ноҳияи Ашт харида хостанд ба бозори Панҷшанбеи Хуҷанд интиқол диҳанд.

Ин ҳодиса санаи 13-уми майи соли ҷорӣ рух дод ва кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар паи як амалиёти фаврӣ тафтишотӣ аз воридшавии 27 сар чорвои ҳаромшудаю заҳролудгашта, ба бозор пешгирӣ кардаанд.

Дар ду соли гузашта ҳам дар Суғд хабарҳо атрофи ҳаромфурӯшии баъзе қассобон, ки гуё гушти харро, ки ба ҷои гӯшти гов фурӯхтаанд зиёд паҳн  мешуд. Ба думболи ин хабар нархи як хар ҷонваре, ки тибқи оини мусалмонӣ истеъмоли гӯшти он ҳаром аст ва онро дар шароити деҳотҷойҳо барои кору бори саҳро истифода мекунанд, аз 800 то ба 1800 сомонӣ гарон шуд.

Аммо ҳоло ошкор шудани ҳаромфурӯшӣ аз ҳисоби чорвои мурда дар моҳи Рамазон бисёриҳоро дар таасуф гузошт. Аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, дидаву дониста ба фурӯш гузоштани гӯшти моли ҳаром дар бозорро нишонаи ҳаромхурӣ баъзеҳо донист ва бо таасуфт гуфт, ки “вақте 27 сар чорвои ҳаромурдаро бо чашми худ дидам, баданам ба ларза омад. Наход, ки инсон, наход, ки мусулмон дар моҳи мубораки Рамазон чунин кори ҳаромро кунад?  Барои як пул шуда, барои ризқу рӯзии ҳаром шуда, ҳаромро ба мардум хӯронад? Мардум вақте ки онро надониста мехурад, худи одамоне, ки ба ҳамин кор сабаб шуданд, пули онҳо ҳаром аст, моли онҳо ҳаром аст. Ба фарзандонашон, ба аҳли оилаашон чизи ҳаром мехуронанд". 

Зимнан нисбати Икром Ҳошимов, Нурилло Норматов ва Муҳаммадҷон Орипов, гӯштфурӯшони бозори Панҷшанбеи Хуҷанд ва Эргашбой Аҳадов сокини ноҳия Ашт тибқи моддаи 209-и (Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барчаспҳо:
муайянсозӣ, ташхис, Панҷшанбебозор, гӯшт, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ