19:55 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
913 0 0

Ба нафароне, ки дар мақомотҳои давлатӣ кор мекунанд, ҷарима барои нақзи қонуни танзим сангинтар буда, 500 нишондоди ҳисобиро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон мудири мактабро барои баргузории тӯйи писараш ба бештар аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, мардро ба нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим муҷрим шинохтанд. Ӯ тӯйи хонадоршавии писарашро ба ҷойи се соат, шаш соат баргузор кардааст.

Ҷашни арӯсӣ аз соати 9-и субҳ то 12 ва аз 18-и шом то 21:00 баргузор гаштааст.

Дар натиҷа додгоҳи ноҳияи Шаҳринав мудири мактабро ҳамчун шахси мансабдор ба 500 нишондоди ҳисобҳо 27 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастааст.

Ин дар ҳолест, ки нишондоди мазкур барои шаҳрвандон бамаротиб камтар буда, 5,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мансабдорон бошанд барои нақзи қонуни анзим "сахт" муҷозот мешаванд.

Ёдрас мешавем, қонуни танзим 12 соли ахир дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Аммо мақомот нақзи ин қонунро қариб ҳамарӯза ба қайд мегиранд ва сокинонро ҷарима мебанданд.

Чунончи, пештарБахтовар Тошов, ҳунарманди маскуни шаҳри Турсунзода ба ҷурми нақзи қонуни "Дар бораи танзими суннат, ойин ва маросимҳо" ҷарима гардида буд.

Тошов дар як ҷашни арӯсӣ бидуни тавофуқи марбута ҳамчун хонанда ширкат кард. Додгоҳ ҳунармандро ба 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Мавзӯъҳои асосӣ