11:31 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмон с первым Президентом Республики Казахстан Нурсултаном Назарбаевым

Суҳбати самимиву дӯстона: Раҳмон бо Назарбоев мулоқот кард

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
401 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо Нурсултон Назарбоев собиқ Президенти ин кишвар мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури Қазоқистон дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Қазоқистон суҳбат кард.

 Тавре манбаъ қайд намудааст, дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гардид, Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ нақши хоссаи нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ин раванд махсус қайд карданд.

Зимнан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намудааст, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Нур-Султони Қазоқистон сафар кард.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Нурсутон Назарбоев, Назарбоев, мулоқот, суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ