21:20 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
972 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумонро барои гузоштани нимпайкарааш дар шаҳри Маскави Русия табрик карданд

ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik.  Имрӯз, пас аз поёни иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вакилони парлумон Шукурҷон Зуҳуровро бо дастагули тару тозаи бузург барои насби нимпайкарааш дар Кӯи Номдорон (Аллея Славы)-и Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия табрик намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти парлумони Тоҷикситон.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз баргузории чунин маросими шодбош мухолифат намудааст.

Ёдрас мешавем, ахиран дар шаҳри Маскав ба муносибати 240 солагии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ дар як маросими бо тантана Кӯи Номдорон ифтитоҳ ёфт.

Дар Кӯи Номдорон нимпайкараҳои 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия гузошта шудааст. Миёни 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.

"Мо беҳтарин хатмкунандагони ин донишгоҳро интихоб кардем. Ин шахсоне ҳастанд, ки барои рушди кишвари худ саҳми арзанда гузоштанд. Ба назари мо Шукурҷон Зуҳуров яке аз беҳтарин хатмкунандагони тоҷикистонии донишгоҳи мо мебошад. Ӯ барои рушди кишвараш корҳои зиёде анҷом додааст", - таъкид кард Василий Нилиповский, ноиби ректор доир ба равобити байналмилалии донишгоҳи.

Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров аз нахустин чеҳраҳои сиёсии фаъоли Тоҷикистон аст, ки дар замони зиндагиаш дар Маскав, пойтахти Русия нимпайкарааш гузошта шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, соли 1976 Академияи идоракунии Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ — заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм карда буд.

Барчаспҳо:
вакилон, Маскав, нимпайкара, парлумон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ