Раҳмон: Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ аҳамияти хоса медиҳад

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Нур-Султон таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар соҳаи амният аҳамияти хоса медиҳад

ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмон с первым Президентом Республики Казахстан Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати самимиву дӯстона: Раҳмон бо Назарбоев мулоқот кард

Дар ҷаласа сарони кишварҳои узви иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин Молдова чун давлати нозир ва Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, қайд намудааст, ки Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳодро муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ИДМ ва СААД ба ҳам мепайвандад.

“Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо исботи ин гуфтаҳост”, - гуфт раисҷумҳур.

Инчунин Президент зикр намудааст, ки масъалаи рушд ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони Иттиҳод дар сиёсати хориҷии мо ҳамеша мақоми махсус дорад ва ҳоҳад дошт.

“Дар ин росто мо ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар соҳаи амният аҳамияти хоса медиҳем”, - таъкид доштааст раисҷумҳур.

Прилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмони фахрӣ: Эмомалӣ Раҳмон ба Нур-Султон сафар кард

Зимни Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, афзудааст, ки Тоҷикистон дар чаҳорчуби ҳамгироӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, чун терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, якҷо бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, иттифоқчии воқеъӣ мебошанд.

“Мо метавонем бо дарёфти роҳҳои хуби таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар ҳалли вазифаҳои бузург дар ҳамаи самтҳо, муваффақ гардем”, -иброз доштааст раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0