18:45 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото

Тасвиби қонуни шароити ҷангӣ дар Парлумони Тоҷикистон

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
168 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни шароити ҷангӣ дар ин кишварро, ки аз сӯи ҳукумат ироа шуда буд, тасвиб кард.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, тасвиби ин қонун ба мақомоти давлатӣ иҷоза медиҳад, ки дар шароити ҷанг амволу моликияти мардумро мавриди истифода қарор диҳанд ва дастрасӣ ба иттилоот ва ахборро маҳдуд кунанд.

Дар бандҳое аз ин қонун таъкид шудааст, ки дар шароити ҷанг, ки бо таҷовузи хориҷӣ ҳамроҳ мебошад, шаҳрвандони Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки барои дифоъ аз кишвари хеш басиҷ шаванд ва амволу дороиҳои худро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳ қарор диҳанд.

Ҳамчунин ишора мешавад, ки ҳукумат муваззаф ба ҷубронт хисоротт ворида ба амвол ва дороиҳои сокинонт ин кишвар пас аз поёнт ҷанг мебошад.

Нуктаи дигар дар ин қонун, ҳуқуқи мақомот барои қатъи иртибототи телефонӣ ва интернетӣ дар шароити ҷанг мебошад.

Дар шароити эъломи ҷангӣ, мақомоти давлатӣ фаъолияти тамоми расонаҳои хабариро таҳти назорат хоҳанд гирифт ва интишори матолиб низ танҳо бо муҷаввизи ин мақомот имконпазир хоҳад шуд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи қонуни шароити ҷангӣ ба Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом истифода аз амволи шаҳрвандон дар шароити изтирорӣ ба манзури дифоъ аз кишвар мебошад, ки бояд аз ҷанбаи ҳуқуқӣ бархурдор гардад.

Вай таъкид кардааст, ки дар сурати худдории шаҳрвандон аз вогузор кардани васоили нақлияи шахсӣ ва дигар имконоти мавриди ниёзи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алайҳи чунин афрод, муҷозоте низ дар назар аст.

Аммо аксари коршиносон муътақиданд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ навъ таҳдиди ҷиддӣ барои ҷанг дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва ин кишвар узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ мебошад, ки муваззаф ба дифоъ аз кишварҳои узв дар баробари таҷовузи хориҷӣ ва ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аст.

Мавзӯъҳои асосӣ