Ҳуқуқи инсон, сармоя ва терроризм: Раҳмон ҷузъиёти гуфтушунид бо Тускро гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Европейского совета Дональд Туск
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Европейского совета Дональд Туск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, бархе аз нуктаҳои музокиротро баён дошт

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон сафари Доналд Туск ба Тоҷикистонро нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлӯ хондааст.

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи кор ба занон: "аз баъзе урфу одатҳои куҳнашуда мебояд даст кашид"

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд.

“Ин воқеият зарурати васеътар кардани доираи рӯзномаи ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии онҳоро пеш овардааст.Ин аст, ки мо масъалаи мазкурро мавриди музокирот қарор дода, барои оғоз бахшидан ба раванди таҳия ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мувофиқа расидем”, - гуфт Раҳмон.

Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “мо оғози раванди воридшавии Тоҷикистонро ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо - "Ҷи Эс Пи Плюс", “GSP+” -, ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархурдор хоҳад кард, баррасӣ намудем”.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабс камтар мешавад? супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ёрдамчияш

Раисиҷумҳур аз 500 миллион евро кумаки Иттиҳоди Аврупо то соли 2015 зикр карда, афзудааст, ки айни замон дар чаҳорчуби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион евро татбиқ шуда истодаанд.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон иброз доштаст, ки Иттиҳоди Аврупоро дар қатори Барномаи рушди СММ чун шарики калидии татбиқи Стратегияи рушди миллӣ то давраи соли 2030  дидан мехоҳад.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “мо нигаронии амиқи худро аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонуни маводи мухаддиру қочоқи силоҳ, иброз доштем”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон падидаҳои мазкур муқовимати муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар муқобили онҳо тақозо менамояд.

Министр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод - Sputnik Тоҷикистон
Вазири адлия: пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҳаракатҳои ифротӣ пурзур карда шавад

Зимни баррасии амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа Эмомалӣ Раҳмон ниёзмандии ҷониби Тоҷикистон ба мустаҳкам намудани хатти сарҳад ва мусоидати Иттиҳоди Аврупоро дар ин амр, аз ҷумла тавассути тавсеаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, таъкид доштаст.

“Ҳамзамон мо татбиқи лоиҳаҳои минтақавиро баҳри беҳтар намудани сатҳи иқтисодию иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор омили муҳими истиқрори вазъ дар он унвон кардем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, ки ҷонибҳо ба муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии худро барои идомаи он иброз намуданд.

“Масоили мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳаводиси ташвишовар дар мамлакатҳои Ховари Миёна низ, мавриди мубодилаи афкор дошт. Дар ин иртибот мо сари он ақида қарор доштем, ки мушкилоти ин кишварҳо қабл аз ҳама тавассути гуфтушунид ва бо роҳу василаҳои сулҳомез бояд ҳаллу фасл шаванд”, - гуфтааст Раҳмон.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки Туск аз ин сафарашон ба Тоҷикистон таасуроти хуб хоҳад бардошт.

Лентаи хабарҳо
0