Доналд Туск дар Сарез зиқ шуд: ӯ гуфт, сатҳи об боло рафта истодааст - аксҳо

© акс аз саҳифаи "facebook"-и Доналд ТускБоздиди президенти Шӯрои Аврупо аз кӯли Сарез
Боздиди президенти Шӯрои Аврупо аз кӯли Сарез - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо мегӯяд, зимни боздидаш аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шоҳиди таъсири тағйирёбии иқлим шудааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.  Туск бо нашри аксҳояш аз кӯли Сарез гуфтааст, дар ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон шоҳиди таъсири тағйирёбии иқлим гардидааст. Ӯ дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки Сарез хеле зебост ва ишора кардааст, ки дар гузашта он боз ҳам зеботар буд.

“Биёед тасаввур кунем, ки ин кӯл чӣ қадар зебо буд, вақте дар иҳотаи пиряхҳо қарор дошт”, - навиштааст Туск.

Президенти Шӯрои Аврупо дар идома рамзи ғамгинию зиқиро зам карда, бо таассуф афзудаст, ки гардишҳои табиӣ тағйир ёфта истодаанд ва аллакай 5 пирях дар ин ҷо нопадид шуда, сатҳи об боло рафта истодааст.

Доналд Туск таъкид намудааст, ки тағйирёбии иқлим масъалаи ҷаҳонӣ буда, алайҳи он бояд муштарак мубориза бурд.

Лентаи хабарҳо
0