"Донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи аграрӣ сокини Душанберо корд зад"

CC BY 2.0 / DieselDemon / Knife OuttakeНож в руках, архивное фото
Нож в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷавонро ба авбошӣ муттаҳам мекунад. Ӯ ба қафаси синаи як сокини Душанбе як маротиба корд задааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Донишҷӯи донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба кордкашӣ муттаҳам мешавад.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар Суғд: бародар додарашро бо зарби корд кушт

Бино бар иттилои манбаъ, донишӯи мазкур 24 сол дошта, курси аввал мехонад.

Як сокини 19-солаи Душанбе ба ШКВД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст, ки моҳҳои апрел шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ба қафаси синаи ӯ корд задааст. Ҳодиса дар кӯчаи Зайнанбибӣ рух додааст.

Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ шудааст.

Милисаҳои Душанбе ҳангоми тафтишот донишҷӯи мазкурро дастгир карда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0