09:38 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
767 0 0

Дар пойтахти Тоҷикистон ҳаштумин фестивал-намоишгоҳи "мошинҳо нодир" - "Авто-ретро Душанбе" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. "Авто-ретро Душанбе" дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивиро ба Фестивал-намоишгоҳ даъват менамояд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, 14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҳаштумин фестивали "Авто-ретро Душанбе" ё "мошинҳои нодир" баргузор мешавад.

Дар ин бора қарори вижаи раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ низ тасвиб шудааст.

Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии "Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо" дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардида, дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта мешаванд.

"Меҳмонони "Авто-ретро Душанбе" метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои "Победа", "Москвич", "Волга", "Запарожец", "Лада", "Volkswagen", "Ford", "Chevrolet" "Pontiac" ва албатта, "Mercedes-Benz", ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд", - менависад манбаъ.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивали мазкур вазифадор намуда, дастур додааст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ