Дар Душанбе Иди асал баргузор мешавад: беҳтарин занбӯрпарварро муайян мекунанд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон участвовал в празднике хлеба, меда и абрикосов в Худжанде
Эмомали Рахмон участвовал в празднике хлеба, меда и абрикосов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе озмуни иди асал баргузор мекунанд, ки дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ занбӯрпарварон иштирок мекунанд. Дар ин озмун беҳтарин асалпарварро муайян хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе дар пойтахт иди асал баргузор мекунанд.

Чорабинӣ 2 июн дар бозори "Меҳргон" доир мешавад.

Производство меда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тавлиди асал дар Тоҷикистон зиёд шуд

Бино бар иттилои Вазорати кишоварзӣ дар иди асал  50 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ намудҳои гуногуни асалро ба фурӯш мебароранд.

"Аз ҷумла, занбӯрҳои асали зинда, гиёҳҳои шифобахш, шириниҳои аз асал омода гардида, асбобу лавозимоти парвариш ва ба даст овардани ҳосили асал, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

интизор меравад, дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳо иштирок кунанд.

Ҳамчунин дар иди асал озмунбаргузор карда шуда, беҳтарин занбӯрпарварро муайян мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0