12:08 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15

Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро паст кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
290 0 0

Меъёри фоизи муқарраркардашуда аз мавқеи воқеии сиёсати пулию қарзӣ (RMCI) бо назардошти намояи қурби воқеӣ ва меъёри фоизи воқеӣ дар сатҳи каме пасттар қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро 1,5 банди фоизӣ паст намуда, дар сатҳи 13,25 фоизи солона муқаррар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, меъёри бозтамвил фишанги калидии танҳо амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон қайд намудааст, ки минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома дода, меъёри бозтамвилро бо дарназардошти баҳодиҳии хавфҳои таваррумӣ, раванди таваррум ва дурнамои он дар ҷаласаҳои навбатии Кумита баррасӣ хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки меъёри бозтамвил - меъёри фоизие ба шумор мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.

Барчаспҳо:
Бонк, қарз, қарзҳо, фоиз, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ