05:27 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Дуздии 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ноболиғ

Дар бозори “Корвон-Сити” ноболиғ аз дохили мағоза 20 ҳазор сомонӣ дуздиааст

© Управление МВД по городу Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Масъулини милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошти писарбачаи 15 сола хабар додааст, ки дар бозори “Корвон-Сити” ба дуздӣ машғул будааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе дастгир намуданд, иттилоъ додааст Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, марди 43-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ариза кардааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи марти соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш воқеъ, дар бозори “Корвон-Сити” 20 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия ҳангоми ҷустуҷӯ аз ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе дастгир намуданд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур мавриди тафтишот қарор дорад.

Барчаспҳо:
ариза, пул, сомонӣ, ноболиғ, боздошт, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ