Ширкати чинӣ дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон марказҳои пизишкӣ бунёд мекунад

© Sputnik / Алексей СухоруковВрач в палате, архивное фото
Врач в палате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати чинии Ntusoft Mtdical Corporation тасмим гирифтааст дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон марказҳои пизишкӣ бунёд намояд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Ширкати чинии Ntusoft Mtdical Corporation дар чорчӯби иҷрои тарҳи “Роҳи Абрешим” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон якчанд маркази пизишкӣ бунёд хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандии Русия боиси ҷудошавии 124 оила дар вилояти Хатлон шудааст

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ахиран бо намояндагони ширкати Ntusoft Mtdical Corporation мулоқот кард.

Зимни мулоқот, ширкати чинӣ таъкид намудааст, ки сохтусози сохтмонҳои пизишкиро дар ҳамкорӣ бо ширкати “Акси шифо” анҷом хоҳад дод.

Марказҳои пизишкии муъолиҷа ва ташхис дар пойгоҳи бемористонҳои маҳаллӣ сохта шуда бо таҷҳизоти муоссир таъмин хоҳанд шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ин тарҳ дар 7 шаҳру ноҳияи Хатлон амалӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0