18:22 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Мулоқоти Раҷаббой аҳмадзода бо ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation”

Ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” мехоҳад вориди бозори Суғд шавад

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
44010

Намояндагони ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation”-и Чин бо роҳбарии Куиин Шан ба вилояти Суғд омада, бо мақомоти баландпояи вилоят дидору гуфтугӯ карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation”-и Чин мулоқот кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки тарафҳо зимни мулоқот дар бораи тақвияти ҳамкориҳо табодули назар карданд.  

Зимни мулоқот раиси вилоят Суғд, таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳа ва воридсозии таҷҳизоти навтарини тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Лозим ба Ёдоварист, ки ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation” соли 1998 дар Шеняни Чин таъсис дода шуда, имрӯзҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Амороти Муттаҳидаи Араб, Перу, Ветнам, Бразилия ва Русия намояндагиҳои худро дорад.

Ширкат ба истеҳсоли таҷҳизоти муосири томографияи магнитию резонансӣ (МРТ), томмографияи компютерӣ (КТ), момографии рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии майнаи сар (ЭЭГ), ташхиси ултрасадо (УЗИ) машғул буда, метавонад ба тариқи лизинг ва бидуни фоиз таҷҳизоти тиббиро ба вилояти Суғд низ дастрас намояд.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар фарҷоми мулоқот тарафҳо ҳавасманди худро барои тақвияти ҳамкориҳо баён доштанд.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, тиббӣ, ҳамкориҳо, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ