11:51 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, акс аз бойгонӣ

“Бозори Сомонро аз Чолов мегирам”: ҷазои Абдуаллимов барои қаллобӣ ва фурӯши духтарон

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
335010

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Абдуалимов.Ш-ро дар қаллобӣ ва ҷалби духтарони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Дубай гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Абдуалимов қаблан низ ду маротиба – солҳои  2010 ва 2011 барои истисмори шаҳрвандон маҳкум шуда буд, аммо хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба қаллобӣ ва хариду фурӯши одамон задааст.

Ба иттилои додситонӣ, Абдуалимов 150 ҳазор сомонии шиносаш – Диловари.С- ро гирифта, ваъда додааст, ки бозори “Сомон”-и Кӯлобро аз Қурбон Чолов гирифта, ба ӯ медиҳад.

“Абдуалимов 17 июни соли 2013 бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ ба боварии рафиқаш Диловари С. даромада, аз ӯ маблағи пулӣ ба микдори 150 000 сомонӣ гирифта, номбурдаро бовар кунонидааст, ки дар мӯҳлати 15 шабонарӯз ба воситаи шиносҳояш бозори “Сомон”-и шаҳри Кӯлобро аз ихтиёрдории Чолов Қ. гирифта, ба ӯ медиҳад ва бо ин роҳ охиронро фиреб дода, маблағи 150 000 сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Қурбони Чол, аз хонаводаи маъруфи Чоловҳо ва яке фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки соли 2014-ум дар синни 54-солагӣ даргузашт.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Абдуалимов баробари ваъдаи гирифтани бозор аз Чолов инчунин бар асоси маслиҳати пешакӣ бо апааш, бо ваъдаи ҷойи кори моҳонааш хуб духтарони тоҷик - Акбарова З.С., Шарипова М.А ва Шарипова М.А.-ро моҳи феврали соли 2014 аз Душанбе ба Дубай фиристодааст.

“Абдуалимов аз ҳисоби истисмори шаҳвонии Акбарова ва Шариповаҳо маблағҳои калони пулӣ ба даст оварда онро ба манфиати шахсии худ хароҷот намудааст”, - иттилоъ дод додситонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Сино Абдуалимовро дар қаллобӣ ва истисмори шаҳрвандон гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндон ва се соли маҳрумият аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳкум кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ