22:49 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Празднование Ураза-байрам

Дар Маскав ба хотири Иди Фитр ҳаракати мошинҳоро дар чандин кӯчаҳо маҳдуд мекунанд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1085 0 0

Ҳукумати шаҳри Маскав ронандаҳоро огоҳ намудааст, ки вобаста ба ҷашни Иди Фитр ҳаракати мошинҳо дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳр маҳдуд мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Мақомоти шаҳри Маскави Русия ронандаҳоро хабардор намудааст, ки вобаста ба ҷашни Иди Фитр ҳаракати мошинҳо дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахат  маҳдуд хоҳад шуд, иттилоъ додааст масъулини мақомоти шаҳри Маскав.

Ёдрас мешваме, ки мусалмонони Русия Иди Фитрро рӯзи 4 июн соли равон ҷашн мегиранд.

Тавре манбаъ хабар додааст, 4 июни соли равон аз соати  00:01 то соати 11:00 ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯчаҳои Дуров, Шепкина, Мешанский, Гиляровский маҳдуд карда мешавад.

Инчунин, 4 июни соли равон аз соати 04:00 то соати 11:00 ҳаракати мошинҳо низ дар кӯчаҳои Тоторский, тангкӯчаи кӯҳнаи Толмачевск, Климентовск ва Озерковск маҳдуд карда мешавад. Аз соати 06:00 то 08:00 кӯчаҳои Қодиров низ баста хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 4 июни соли равон ҳаракати мошинҳо аз кӯчаҳои Хачатурян аз шоҳроҳи Алтуфево то кӯчаи Отрадное аз соати 04:00 то солати 11:00 маҳдуд карда мешавад.

Мақомоти Маскав аз ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо бодиққат бошанд ва пешакӣ ҳаракати худро дар роҳҳо тартиб диҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 4 июни соли равон баъд аз анҷом ёфтани намози субҳ ҳазорҳо мусалмонон Иди Фитрро таҷлил мекунанд.

Иди Фитр – идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Ин иди саид се рӯз идома меёбад ва ҳамчун яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик бо хушҳоливу самимияти хоса таҷлил мегардад. Ин идро пас анҷоми моҳи Рамазон, рӯзи аввали моҳи Шавволи солшумории ҳиҷрӣ таҷлил мекунанд.

Барчаспҳо:
басташавии роҳ, Маскав, ҷашн, таҷлил, иди Фитр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ