00:56 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Персональный компьютер, архивное фото

Андозсупорӣ осон мешавад: Кумитаи андоз портали хизматрасониҳои электронӣ роҳандози кард

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
424 0 0

Кумитаи андози Тоҷикистон барои андозсупорандагон Портали хизматрасониҳои электрониро роҳандозӣ намуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи андози Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии Портали хизматрасониҳои электронӣ баргузор гардид

Тавре манбаъ қайд намудааст, Портали мазкур 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд,  дар худ ҷой намудааст.

Тавре замни Аюбҷон Солеҳзода, муовини аввали Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон қайд намудааст, портали мазкур  барои  фароҳам овардани  шароити мусоид  ба андозсупорандагон ва осон гардонидани истифодаи   хизматрасониҳои электронӣ барои иҷрои уҳдадориҳои андозӣ  нақши муассир мегузорад.

“Роҳандозии он барои пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта байни андозсупоранда ва  корманди мақомоти андоз  мусоидат менамояд”, - гуфт Солеҳзода.

Портали хизматрасониҳои  электронӣ барои андозсупорандагон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва  бонкҳои  мамлакат таҳия ва роҳандозӣ шудааст.

Дар маросими рӯнамоии Портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ иштирок доштанд.

Барчаспҳо:
соҳибкорон, портали интернетӣ, Кумитаи андоз, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ