16:12 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Дети играют под дождем, архивное фото

Обуҳавошиносон: то 7 июн ҳавои ноустувору боридани боронҳои пуршиддат дар назар аст

CC BY-SA 2.0 / Mark Ordonez / IMG_1028
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

То 7 июни соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ монда, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани боронҳои пуршиддат, ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда,  боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 26-28  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рӯзона 17-29 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона 18-23 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 0-5 дараҷа  сард ва   рӯзона  ҳарорат ба 10-15  дараҷа  мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 1-6  ва  рӯзона  14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12  ва   рӯзона 20-25  дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
ноустувор, борони пуршиддат, боронгариҳо, боронгарӣ, обу ҳаво, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ