02:33 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
368 0 0

Тавре дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар расид сокинони бурунмарзии вилояти Суғд ба осебдидангони офатҳои табиӣ дар Конибодом маблағ ҷамъ карда ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти мақомоти Конибоддом хабар додаанд пас аз пахши гузориш аз оқибатҳои сел ҳамшаҳриёни бурунмарзӣ бетарафӣ зоҳир накарда, ба сокинони зарардида маблағҳои муайян ирсол намуда истодаанд.

Ҳамчунин манбаъ қайд намудааст, ки барои расонидани кумак ба зарардидагон ва бартараф намудани оқибатҳои сел оммаи васеи аҳолии шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сарбозони қисми низомии 04080 ва ихтиёриён ба ҷои ҳодиса омаданд.

Бино бар иттилои манбаъ, инчунин як гуруҳ ёрдамчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят низ барои расонидани кумак ба Конибодом омаданд.

“Аз ҷумла, аз Корхонаи фаръии обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1-и вилояти Суғд 95 нафар ҳозир шуда, дар хонадони зарардидагон қарор гирифта, кӯмаки назаррас мерасонанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки аз ҳамсояшаҳри Исфара 30 нафар ва аз ноҳияи Мастчоҳи нав наздик 10 нафар низ барои расонидани ёрӣ омаданд. Муовини директори генералии КВД ХМК Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода ҳамроҳи намояндагони соҳа ба Конибодом омада, ба зарадидагон кӯмаки амалӣ расонидааст.

“Дар мавзеи селроҳа бошад, қубурҳои обгузар васл карда шуда, тибқи иттилои мутахассисони Корхонаи фаръии қитъаи обтаъминкунии шаҳри Конибодом барои бартараф намудани оқибатҳои хисороти сел рӯзҳои наздик 300 метр қубур васл карда мешавад”, - гуфт манбаъ.

Мақомоти Конибодом қайд намудааст, ки дар минтақаҳои осебдида ситод ташкил карда шуда, нуқтаҳои тиббӣ амал мекунад ва гуруҳи ихтиёриён дар хизмати аҳолии зарардида қарор дошта, саривақт ёрӣ мерасонанд.

“Айни ҳол аз манзилҳои харобгашта ифлосиҳо ва лавозимот бароварда шуда, бо ёрии техника ва олоти дастӣ саҳни ҳавлӣ ва кӯчаву роҳравҳо тоза карда шуда истодааст”, - афзуд манабаъ.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо чанд нафар мутахассисони муассисаи давлатии идораи роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд ва роҳбарияти муассиса низ дар Конибодом қарор дошта, бо истифода аз 5 адад техникаи пуриқтидори корӣ дар тоза намудани роҳҳо ёрии амалӣ мерасонанд.

Ахиран Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба Конибодом сафар кард  ва аз хисороти сел зикр намуда буд, ки ба зарардидагони офати табиӣ кӯмакҳои саривақтӣ расонида шуда, пеш аз ҳама бо маводи озуқа таъмин карда шаванд.

Худи ҳамин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба аҳолии осебдида маводи озуқа дастрас гардид.

Бар асари омадани сел ва борони бошиддати шаби 2-юми июн дар шаҳри Конибодом якчанд хонаҳо осеб дида, манзили сокинон валангор шуданд.

Тавре мақомоти Конибодом афзуджааст расонидани кумак ба зарардидагони офати табиӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, оқибати офатҳои табиӣ, сел, Конибодом, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ