05:00 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Встреча замминистра МИД РТ с Послом РФ в Таджикистане

Лякин-Фролов ва муовини Вазир сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русияро муҳокима намуданд

© МИД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
620 0 0

Дар Душанбе вохӯрии Муовини якуми вазири умури хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сафири Руся дар Тоҷикистон ва муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар бораи дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ намуданд.

“Дар рафти мулоқот тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд”, - зикр намудааст манбаът.

Инчунин, дар мулоқоти мазкур аз натиҷаҳои муваффақонаи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Русия, ки моҳи апрели соли равон доир шуд, таъкид гардид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки мусоҳибон бар он буданд, ки барои татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шуданд, фаъол гардондани ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо зарурӣ мебошад.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар додааст, ки вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Барчаспҳо:
сафар, Эмомалӣ Раҳмон, вазорати хориҷаи ҶТ, мулоқот, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ