13:31 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Выборы, архивное фото

Нозирони тоҷик аз интихоботи президентии Қазоқистон назорат хоҳанд кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нозирони кумитаи иҷроияи Асамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ҳамроҳ шуданд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории ТоҷикТа Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва раиси дастгоҳи Кумисюн Наврӯз Самадзода дар ҳайати нозирони кумитаи иҷроияи ИДМ аз рафти интихоботи президентии Қазоқистон назорат хоҳанд кард.

Инчунин, ба ҳайати гурӯҳи нозирони ИДМ вакили парлумони Тоҷикистон Амирхудои Домдор низ ҳамроҳ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бБеш аз 300 намоянда аз кишварҳои ҳамсуд барои ба даст овардани иҷозатнома барои назорати интихоботи президентӣ дар Қазоқистон ба Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар дархост равон намуданд.

Миёни нозирон намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, асамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳодия ба назар мерасад.

Лозим ба ёдоварист, ки 20 марти соли равон баъд аз 30 соли роҳбарӣ Нурсултон Назарбоев собиқ раисҷумҳури Қазоқистон вазифаашро тарк кард. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, эълон шуд, ки қаблан роҳбари палата болоии парлумони кишвар буд. Интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Қазоқистон 9 июни соли равон баргузор мегардад. То ҳол барои рақобат ба курсии президенти 7 нафар сабти ном шудааст, аз ҷумла Тоқаев.

Барчаспҳо:
интихоботи раисҷумҳур, президентӣ, нозирон, интихобот, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ