09:09 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе

Нақлиёт нест: БДА хост, сокинон дар рӯзи сафари перзидентҳо бе зарурат ба кӯча набароянд

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
130110

Бо сабаби баргузории саммити бузурги байналмилалӣ дар Душанбе ду рӯз чанд кӯчаи пойтахт ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ то километри 21-ум масдуд мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо сабаби баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар пойтахти Тоҷикистон чанд кӯчаи марказии Душанбе ва роҳи Душанбе-Чаноқ масдуд мешавад.

"4 ва 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе  ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Аҳмади Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то километри 21-ум назди истироҳатгоҳи "Кохи Малика" манъ карда мешавад", - гуфта мешавад дар эълони БДА.

Бо ҳамин сабаб ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар санаҳои 14-15-уми июни соли ҷорӣ безарурият аз ташриф ба ҳудуди пойтахт худдорӣ намоянд, афзудааст БДА.

Ҳамзамон аз сокинони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар доираи саммити мазкур 27 роҳбари кишварҳои дунё меҳмони Тоҷикистон мешаванд.

Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Тайиланд ва Туркия  дар назар аст.

Пештар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ низ ба ин МҲТБО даъват шудааст.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона воқеъ аст.

Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ