Видоъ бо Султони Ҳамад 7 июн дар Душанбе баргузор мешавад

© Facebook / Султон ХамадЖурналист Султон Хамад
Журналист Султон Хамад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Султони Ҳамад, рӯзноманигор ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик баъди зуҳри 6-уми июн дар шаҳри Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Султони Ҳамад, ки моҳҳои охир аз бемории саратони меъда ранҷ мебурд, дунёро дар соли 68-уми умраш падруд гуфт. Маросими видоъ бо марҳум 7 июн дар масҷиди Аминҷон дар маҳаллаи 63-юми шаҳри Душанбе дар назар аст.

Султан Хамад - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Султони Ҳамад: суди тоҷикон аз ҶҶ-2018 ва далели пуштибонӣ аз Русия

Ӯ 3 - юми апрели соли 1952 дар ноҳияи Тавилдара таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад.

Султони Ҳамад ба ҳайси муаллим, хабарнигор, корманди мақомоти амният фаъолият кардааст.

Марҳум дар раванди сулҳи тоҷикон низ фаъолона иштирок карда, солҳои охири асри гузашта сухангӯи Комиссияи Оштии Миллӣ будааст.

Ӯ дар аввали солҳои 2000-ум дар расонаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ кор карда, баъдан сомонаи мустақили “Рӯзгор” таъсис доду сармуҳаррири ҳафтаномаи “Рузгор” шуд.

Марҳум муаллифи чандин китобҳо, аз ҷумла “Аз Ардашер то шери Панҷшер”, “Аҳмад Зоҳир- султони қалбҳо”, “Дар сӯҳбати соҳибдилон”, “Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ” “Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон”, “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”, “Султони қалбҳо” ва ғайра буд.

Султон Ҳамад оиладор, соҳиби 6 фарзанд ва чандин набера буд.

Лентаи хабарҳо
0