20:11 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Драка, архивное фото

Мастӣ ба пастӣ: майзадае дар иди Фитр дар бозори Панҷшанбе марди 52-соларо то мурдан зад

© Flickr / Alan Turkus
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1000 0 0

Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд марди 47-соларо дастгир намуданд, ки дар рӯзи иди Рамазон дар ҳолати мастӣ бо як марди дигар занозанӣ карда ӯро ба қатл расондааст

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар рӯзи таҷлили иди Рамазон марди 47-сола дар ҳолати мастӣ дар бозори “Паншанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо марди 52-сола занозанӣ намуда, ӯро ба қатл расондааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд. 

“Номбурда, рӯзи 5-уми июни соли равон, соати 14:00, дар ҳолати мастӣ дар майдони “Регистон”-и бозори марказии “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷангу ҷанҷол намуда, бо дастонаш ба сару рӯйи номбурда задааст”, - қайд намудааст манбаъ.

Вуд таъкид намудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳоҳзир нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
марг, ҳалокат, мастӣ, занозанӣ, кормандони милитсия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ