Барфу борон, раъду барқ: боду ҳавои Тоҷикистон имрӯз номусоид мешавад

© SputnikСнегопад в Душанбе, архивное фото
Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, раъду барқ ба амал меояду борону жола меборад. Дар ВМКБ бориши барф ҳам дар назар аст

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ба иттилои ҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии он  борони кӯтоҳмуддат  меборад.

Дар  шарқи вилоят боришот, боридани  борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят шабона -1+4 ва  рӯзона ҳарорат ба  7+12 дараҷа мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, ҳангоми раъду барқ   дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Рустам Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи фаврии генерал Назарзода дар пайи офатҳои табиӣ

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  меборад. Дар доманакӯҳҳо  резиши  борон  бошиддат гардида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳамчунин  боридани жола аз эҳтимол дур нест. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва  рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ резиши  бошиддати  борон, ба амал омадани  раъду барқ ва  жола дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва  рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боз аз сғи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15  ва рузона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0