19:18 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Празднование последнего звонка в Москве

Генерал ба хонандагони болаёқати ВМКБ қоидаи "Занги охир"-ро фаҳмонд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
209602

Роҳбарияти Ситоди байниидоварии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аламшозода Абдураҳмон аз қоидаҳои баргузории "Занги камолот" гуфт

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Дар доираи силсила вохӯриҳои кормандони Раёсати ВКД дар ВМКБ, дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ чорабинии мақсаднок баргузор гардид. Дар ин бора равобити умумии ВКД хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, дар мулоқот кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, масъалаҳои мубрамро баррасӣ карданд. 

"Бо ибтикори роҳбарияти Ситоди байниидоварии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷараён гирифт, бештар баромадкунандагон диққати устодону волидайн ва хатмкунандагонро ба риояи дурусти гузаронидани занги камолот ҷалб намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Дар вилояти Бадахшон 314 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 37 ҳазору 708 нафар хонанда таҳсил доранд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 772 нафарашонро хатмкунандагон ташкил медиҳанд.

Манбаъ афзуда, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо риояи қонунҳои амалкунандаи мамлакат доир кардани хатми камолоти хонандагони синфҳои болоӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҳама дабистонҳо бо устодону шогирдон идома дорад.

Бе туҳфа ва 45 дақиқа: милисаҳо дар мактабҳо қоидаҳои “Занги охир”-ро фаҳмонданд 

Қобили қайд аст, ки ҳамин гуна чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар МТМУ рақами 2 ҳам дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд. 

Пештар маъмурини милиса гуфтанд, ки тибқи қоида, баргузории “Занги камолот” дар доираи 45 дақиқа дар саҳни бинои муассисаҳои таълимӣ танҳо бо иштироки устодону хатмкунандагон бе туҳфасупорӣ сурат мегирад.

Мавзӯъҳои асосӣ