00:33 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Файзов се шарти аслии омода кардани ВМКБ-ро барои ҷалби гардишгарон гуфт

Facebook / Голиб Ниятбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1947 0 0

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба намояндагони соҳаи гардишгарӣ ва раисон навоҳии ВМКБ гуфт, ки бояд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба вилоят, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳанд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раиси вилоят таъмини бехатарии гардишгарон, фароҳам кардани шароит дар меҳмонхонаҳо ва омода кардани роҳбаладони забондонро аз шартҳои аслии ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ВМКБ медонад.

Дар шаҳри Хоруғ Конфронси илмӣ амалӣ бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони "Мушкилотҳо ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон" баргузор шудааст.

Ба тақдири вилоят бетараф набошед: дархости Ёдгор Файзов аз бадахшониёни бурунмарзӣ

Бино ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков, ҳамоиш дар меҳмонхонаи Серена бо ширкати муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва муовини якуми раиси Кумитаи сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода баргузор гардидааст.

Дар конфронс ҳамчунин раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ даъват гардидаанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки "мо бояд барои ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба вилоят тамоми кӯшиши худро ба харч дихем".

"Аз ҳама асос таъмини волоияти қонун ва таъмини амнияти бехатарии сайёҳон барои мо лозим ва зарури мебошад. Дуюм фароҳам овардани шароити мусоид меҳмонхонаҳо, тайёр намудани роҳбаладон аз ҳисоби ҷавонон, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои онҳо муҳим мебошад",-гуфтааст Ёдгор Файзов. 

Муовини якуми раиси Кумитаи сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода қайд карда, ки Бадахшон дар ҳақиқат ҳам макони сайёҳон буда Кумитаи сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ тамоми талошҳои баҳри он равона мекунад, ки хизматрасониҳои сайёҳиро дар ВМКБ беҳтар намояд.

Дар ин росто ба масъулини соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон супориш доданд, ки сомонаи сайёҳии вилоят бо забонҳои русиву англисӣ кушода шавад ва ҷойҳои таърихии вилоятро дар шабакаҳои интернетӣ ташвиқу тарғиб намоянд.

Мавзуъ

Аз манзил то ҷои кор: Ёдгор Файзов рӯзҳои шанбе ба "дод"-и мардум мерасад
Ёдгор Файзов фарҳангиёни ВМКБ-ро бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард
Дастури Ёдгор Файзов ба раиси Шуғнон барои кумак ба занони хонашин

Мавзӯъҳои асосӣ