Хайри нек: сокинони деҳоти Мастчоҳ ҳашаракӣ барои ятими кулл хона сохтанд

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ барои Шукрулло Боқиев хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ки баъд аз марги падару модар ятим мондааст хонаи истиқоматӣ сохтанд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, сокинони ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ тасмим гирифтанд, тавассути ҳашари дастаҷамъӣ ба як нафар ятими кулл хонаи истиқоматӣ бунёд намоянд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба кӯдакони ятим дар Суғд пул, ширинӣ ва либос дод

“Сохтмони хонаи истиқоматии Шукрулло Боқиев, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ки бо амри тақдир аз навозишҳои гарми падару модар маҳрум мондааст,  9 июни соли равон оғоз ёфтааст”, - таъкид намуд манбаъ.

Раҳмон ба кӯдакони ятим дар Суғд пул, ширинӣ ва либос дод

Ба иттилои манбаъ то ҷашни Ваҳдати миллӣ сохтмони хонаи истиқоматӣ пурра ба анҷом расонида мешавад.

“Ман худро ҳеҷ вақт танҳову бечора эҳсос намекунам, ғамхориҳои падаронаи мақомоти кишвар дардноктарин эҳсос – набудани падару модар дар ҳаёти моро сабук месозад, - таъкид намудааст Шукрулло Боқиев.

Дар ҳамин ҳол мақомоти вилояти Суғд таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 27 нафар ятимони кулл зиндагӣ дошта, ба онҳо мунтазам кумакҳои молию моддӣ рсонида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0