12:41 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Боздиди кории Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Аҳмадзода аз осебдидагони шаҳри Конибодом хабар гирифт

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
125 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом сафар карда аз рафти бартарафсозии оқибатҳои табиӣ ошно шуд

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Конибодом сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

"Сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд...": навори сели азим дар Панҷакент, ки ду танро кушт

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздиди Раиси вилоят аён гардид, тозакунии хонаҳои сокинон идома дошта, сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони дигар минтақаҳои шаҳр ба зарардидагон кӯмак расонида истодаанд.

“Ҳамзамон ба зарардидагони офати табиӣ се вақт хӯроки гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ барои рӯзгор дастрас гардида, фаъолони шаҳр низ мунтазам кӯмаки худро расонида истодаанд”, - таъкид намулдааст манбаъ.

Рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Конибодом
Рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Конибодом

Ёдрас мешавем, ки  шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар ҷамоатҳои ба номи Ғ.Ортиқов ва Пӯлотони шаҳри Конибодом сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид.

Бо мақсади бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ аз рӯзҳои аввал тибқи дастури роҳбарияти вилоят ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, тозасозии хонаҳои сокинон аз лойу рег ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд.

 

Барчаспҳо:
рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, оқибати офатҳои табиӣ, осебдида, Конибодом, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ