08:54 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Продавец в магазине считает сдачу

Хайрияҳои саховатмандону сокинони Хатлон ба маъюбону ятимон равона шудааст

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Мақомоти Хатлон беш аз 20 милллион сомонӣ маблағҳои хайрия ва садақаи фитрро барои маъюбону ятимон ва оилаҳои камбизоат равона намуданд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон садақаи фитр ва кӯмакҳои хайриявии сокинон ва шахсони саховатманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои эҳтиёҷоти маъюбону ятимон, оилаҳои камбизоату равона гардид. 

Тавре, ки манбаъ қайд намудааст, аз ҳисоби садақаи фитр ва кӯмакҳои хайриявии  сокинон ва шахсони саховатманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 20 миллиону 411 ҳазору 440 сомонӣ барои эҳтиёҷоти маъюбону ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда равона гардид.

Озода Раҳмон дастур дод то ба ниёзмандон садақаи фитр дода шавад

Манбаъ қайд намудааст, ки маблағҳои мазкур дар баробари кӯмак ба маъюбону ятимон, ҳамчунин барои барқарорсозӣ ва бо асбобу  анҷоми рӯзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии оилаҳои ниёзманд равона шудааст.

Инчунин мақомоти Хатлон зикр намудааст, ки кумакҳои мазкур аз ҷумла барои таъмири муассисаҳои иҷтимои ба хусус ба  мактабу боғча, бунгоҳои тиббию беморхона, китобхона, бунёди роҳу пулҳо, кашидани хатти барқу об барои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ равона хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
маблағ, камбизоат, кӯмак ба маъюбон, маъюб, Фонди хайриявӣ, садақаи фитр, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ