19:14 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Зебинисо Рустамова со своим учеником

Тирҳои камони Зебинисо ва шогирдонаш: ҳамеша нишонрас ва пурҳадаф

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36020

Дастпарварони Мактаби камонварии Зебинисо Рустамова дар мусобиқае, ки бахшида ба рӯзи ҷавонон баргузор шуда буд бар рақибони худ аз Узбакистон, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik.  Ахиран дар Суғд мусобиқае баргузор шуд, ки дар он дастпарварони Мактаби камонварии Зебинисо Рустамова, камонвари машҳури тоҷик баранда шуданд.

Иштироки варзишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфӯзи ин мусобиқаро ҷаҳонӣ сохт ва барои аввалин бор дар чунин як мусобиқаи байналмиллалӣ, варзиши камонварӣ ҳам шомил карда шуд.

Камонварони тоҷик, ки дар сабқат бо варзишкорон аз кишварҳои Қазоқистон, Муғулистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар рӯзҳои 19-21 -уми май дар шаҳри Исфара баранда шуданд, аз дастпарварони Мактаби камонварии Зебинисо Рустамова дар Хуҷанд буданд. Ин Бошгоҳи камонварӣ дар соли 2000-ум аз ҷониби Зебинисо Рустамова таъсис ёфт.

Ученики Зебинисо Рустамова
© из личного архива Мавзуна Азимова
Ученики Зебинисо Рустамовой

Ин бонуи камондори тоҷик ҳанӯз дар овонӣ 15 солагӣ дар сабқатҳо дар риштаи камондорӣ дар тими ҷавонони Шӯравӣ ширкат мекард. Дуруст замоне, ки 19 сола буд ба ҳайати асосии тими Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфтан. Соли 1975 бахт ба рӯяш хандид ва дар нахустин  иштирокаш дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ миёни занон, дар Интерлакени Швейтсария, ҳайати СССР ва ё собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба пирӯзӣ расонду рекорди ҷаҳониро бо номи худ асос гузошт.

“Шамоли сахт мевазид. Дар муқобили он истода аз камон тир парронидан бисёр душвор буд. Хусусан ин ҳол барои ман, ки вазни сабук доштам асосан маълум буд ва аз ин ҷиҳат душворӣ мекашидам. Аммо, агар шахс пеши худ мақсад гузорад, комёбӣ насибаш хоҳад шуд. Сабқати варзишӣ оид ба намуди камонварӣ, дар шаҳри Интерлакен (1975) дар шароити шамоли сахт баргузор шуда буд. Лекин Худо ба ман қувват дод ва ман ғолиби мутлақи он шудам”, - нақл мекунад, Зебинисо Рустамова.

Член сборной команды СССР по стрельбе из лука Зебиниссо Рустамова
© Sputnik / Ратушенко
Член сборной команды СССР по стрельбе из лука Зебиниссо Рустамова

Аз рекорди ҷаҳонии тоҷикдухтар ҳама ангушти ҳайрат мегазиданд

Зебинисо Рустамова мегуяд, ин пирӯзии ӯ, он вақт зиёд давлатҳоро дар тааҷҷӯб гузошта буд ва бисёриҳо хиёл ҳам мекарданд, ки тими Шӯравӣ варзишгаронро аз давлатҳои дигар харида ба ин мусобиқа ҳамроҳ кардааст.

“Вақте, ки ман дар мусобиқаи Интерлакен ғолиби даставӣ ва ҳам чемпиони мутлақ шудам, барои бисёр давлатҳо ин гӯё ба мисли як мӯъҷиза, ҳайратовар менамуд. Ҳеҷ кас намедонист, ки як духтари кокулдори тоҷик, ғолиби мусобиқа мешавад. Он вақт ҳама мепиндоштанд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, варзишгаронро аз Ҷопон ва ё аз ягон давлати дигар гирифтааст. Ҳама омада мепурсиданд, ки ту аз куҷо ҳастӣ? Он вақт Тоҷикистон дар харита набуд. Лекин ман харитаро гирифта, кӯҳҳои Помирро нишон медодаму мегуфтам, ки аз инҷо, аз Тоҷикистон ҳастам”,  - ба ёд меорад Рустамова.

Член сборной команды СССР по стрельбе из лука Зебиниссо Рустамова
© Sputnik / Ратушенко
Член сборной команды СССР по стрельбе из лука Зебиниссо Рустамова

Ҳаминтавр, дари комёбиҳо ба рӯи ин бонӯи тоҷик  боз шуд ва шумори медал ва ҷоизаҳояш аз мусобиқоти ҷаҳонӣ афзудан гирифт. Зебинисо Рустамова соли 1976 дар бозиҳои олимпии Монтреал пирӯз шуд ва медоли бринҷиро ба армуғон овард. Худи ҳамон сол буд, ки унвони “Қаҳрамони Аврупо” дар миёни занони камонварро ба номаш сапт кард.  Пас аз он Зебинисо Рустамова ба дарёфти ҳашт рекорди ҷаҳонӣ дар ҷодаи камондории занон ва беш понздаҳ ҷоизаи “Қаҳрамони Шӯравӣ” мушарраф гардид ва аз зумраи маъруфтарин ва комгортарин варзишкорони шӯравӣ шинохта шуд.

Зебинисо Рустамова афзуд, ҳар як варзишгар кӯшиш мекунад, ки медали тиллои бозиҳои олимпиро соҳиб шавад, аммо барояш муҳим ин буд, ки ба унвони як духтари кокулдор ва мусалмони тоҷик ҳунари худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд.

“Барои ман ҳамин муҳим буд, то собит намоям, ки як духтари тоҷик, як духтари мусалмон, дар варзиши арсаи ҷаҳонӣ ҳам худро муаррифӣ карда метавонад”,- иброз дошт Зебинисо Рустамова.

Зебинисо Рустамова, дар рӯзи 29-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва онишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Зебинисо Рустамова на пьедестале
© из личного архива Зебинисо Рустамовой
Зебинисо Рустамова на пьедестале

Зебинисо - номи маъмул дар Тоҷикистон

Зебинисо Рустамова ҳоло аз аввалин варзишкорони зан дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ба унвони “Қаҳрамони ҷаҳон” ноил шудааст. Болотарин ҷоизаи камонварӣ дар Тоҷикистон номи ӯро дорад. Ва ба маҳзи ин бонӯи ифтихорофари тоҷик, ҳоло волидон дар Тоҷикистон номи навзодони худро Зебинисо ниҳодаанд, то тифли онҳо ҳам рӯзе ба мисли ин зани камонвар шӯҳратёр шаванд.

Зебинисо Рустамова то ин замон дар як қатор вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ кор кардааст. Ӯ соли  1986- 1992 муовини  раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиши Ҷумҳуриии сотсиалистии Точикистон буд. Солҳо 1992-1995 Раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва тӯли солҳои 1992 - 2000 -ум ноиби  Президенти Кумитаи Олимпии Тоҷикистон (вазифаи ҷамьиятӣ) кор кардааст.

Зебинисо Рустамова в кабинете
© Sputnik
Зебинисо Рустамова в кабинете

Ин зани камондори тоҷик имрӯз ҳам бо варзиш аст ва мегуяд, наметавонад ин пешаро  канор гузорад ва бознишастагӣ кунад.

Бо талоши вай дар соли 2000-ум “Маркази камонварӣ ва солимгардонӣ” дар Хуҷанд созмон дода шуд  ва ҳоло даҳҳо нафар ҷавонону бонувони камондори номӣ,  аз ҷумлаи даспарварони ӯ мебошанд.

Мавзуна Азимова аз шогирдони ин бошгоҳи камонварӣ ҳамин чанд рӯз қабл дар мусобиқаи байналхалқии Ҷоми Раиси вилояти Суғд барандаи мусобиқа шуд. Тирҳое, ки ӯ аз камонаш сар дод аз масофаи + 70 метр убур карда ба нишон расиданд ва ӯ барандаи ин мусобиқа шуд.  Зимнан ин аввалин мусобиқаи камонварӣ барои дарёфти Ҷоми устондори Суғд дар қатори беш аз даҳ намуди варзиш гуфта мешавад, ки дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон доир карда шуд. Дар он беш аз беш аз 40 камонвар аз шаҳру вилоёти Ӯзбакистон ва Қазоқистону Туркманистон ширкат карданд.

Мавзуна дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки соли 2011 манзараи тамрини ҷавонону бонувон рағбати ӯро ба камонварӣ бедор  кард.

Ученики Зебинисо Рустамовой
© Sputnik
Ученики Зебинисо Рустамовой

“Хонаи мо дар назди ин маркази камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Ман тирпарронии ҷавонон аз камони дастӣро дида дар ҳайрат мемондам. Барои ман хеле шавқовар буд, ки чи гуна аз масофаи дур нишон мезанӣ. Соли 2011 ман ба “Маркази камонварӣ ва солимгардонӣ” и ба номи Зебинисо Рустамова омадам. Инак ҳашт сол боз ба камонварӣ машғул ҳастам”,- иброз намуд Мавзуна Азимова.

Се то 10 ва офаринхонии Президент

Мавзуна афзуд, ки то ин замон ба даҳҳо мусобиқаҳои варзишӣ сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналхалқӣ дар риштаи камондорӣ иштирок карда баранда шудааст. Ӯ аз нахустин имтиҳонаш дар ҳузури Президент Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки бо муваффақият иҷро кардааст.

Зебунисо Рустамова
© Sputnik / Фред Гринберг
Зебунисо Рустамова

Ин имтиҳонсупории Мавзуна ва ду ҳамсоли ӯ дар рӯзи 6-уми августи соли 2011 дар замоне сурат гирифтааст, ки урдугоҳи “Уқобча” барои наврасон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешуд ва ба истиқболи ташрифи раисиҷумҳур чорабиниҳои варзишӣ бо иштироки наврасон доир мешуд.

“Дар ин чорабинӣ бахшида ба истиқболи ташрифи Президенти кишвар, дар “Уқобча” ҷавонон ҳар гуна маҳорати варзишии худро намоиш медоданд. Ману Саидаю Фирӯза дар навбати худ  се тои тир аз камон ба масофаи 18 метр мепарроидем. Он вақт се тири камони ман ба пайкони 10 дараҷаӣ расиданд. Аз ин Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон хурсанд шуда, ба наздам омада дасти маро фишурда офарин хонданд”,  - гуфт Мавзуна Азимова.

Член сборной команды СССР по стрельбе из лука Зебинисо Рустамова
© Sputnik / Фред Гринберг
Член сборной команды СССР по стрельбе из лука Зебинисо Рустамова

Ҳоло сафи шавқмандони камонварӣ дар Хуҷанд ба мисли Мавзуна, ки алакай ба дараҷаи устодӣ расидааст, аз ҳисоби ҷавонону бонувони мактабхон сол аз сол зиёд мешавад. “Маркази камонварӣ ва солимгардонии ба номи Зебинисо Рустамова” дар Хуҷанд аз макони дӯстдоштатарини занону ҷавонон табдил шудааст, ки шавқи варзиш ва солим будан онҳоро ба ин ҷо мекашад.

Зебинисо Рустамова ҳоло дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Фарзандону наберагон ва модару бародаронаш дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Дар рӯзҳои холӣ аз кор Зебинисо ба аёдати онҳо ба Душанбе меравад ва дар бари доми модар нишастанро беҳтарин лаҳзоти рӯзгор меҳисобад, ӯ.

Барчаспҳо:
Иттиҳоди Шӯравӣ, мусобиқа, Суғд, маъруф, варзишкор, Зебуниссо Рустамова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ