18:19 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15

Кохи Кремлин тасдиқ кард: Путин ва Аббос эҳтимол дорад дар Душанбе мулоқот кунанд

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
536 0 0

Маҳмуд Аббос, роҳбари Фаластин ба пойтахти Тоҷикистон омада бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.  Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки эҳтиомл дорад рӯзи 15 июн Владимир Путин дар шаҳри Душанбе бо Маҳмуд Аббос, раҳбари давлати Фаластин мулоқот кунад.

Тавре Песков қайд намудааст, улоқоти мазкур рӯзи 15 июн дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи созмони мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 14 ва 15 июн дар шаҳри Душанбе нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви созмони мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА) баргузор шуда ва дар он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат хоҳанд кард.

Гусев тавзеҳ, дод ки дар Душанбе Путин бо Раҳмон дар бораи чӣ гуфтушунид мекунанд

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ сарвазирон, муовинони сарвазир ва вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар, аз ҷумла, Абдулло Абдулло, сарвазири Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт.

27 кишвар узвияти Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА)-ро доранд, ки 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро дар бар мегирад. Ҳашт кишвар ва панҷ созмони байналмилалӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Барчаспҳо:
Владимир Путин, Владимир Путин, Путин, Фаластин, мулоқоти расмӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ